15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТАҶРИБАИ СОБИҚАДОРОН ЧАРОҒИ РОҲИ ҶАВОНОН АСТ

Конеферсияи IX Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид Санаи 28-уми апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Конференсияи IX Шурои собиқадорони ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Конференсия бо иштироки муовини раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода, раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнат Нозимҷон Фозилов, аъзои шуро, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомот, собиқадорони соҳаҳои гуногун ва меҳмонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: - Ҳисоботи раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нозимҷон Фозилов дар бораи фаъолияти панҷсолаи охир (аз моҳи апрели соли 2021 то моҳи апрели соли 32026); - Ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Рафиқҷон Ҷалолов (фаъолияи панҷсола); - Интихоби ҳайати нави Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе; - Интихоби Комиссияи тафтишотии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе; - Интихоби вакилон ба Конференсияи IX Шурои собиқадорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. Дар маърӯзаи ҳисоботии раиси шуро қайд гардид, ки Шурои собиқадорони ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррасро анҷом додааст, аз ҷумла саҳми фаъоли собиқадорон дар маъракаҳои интихоботӣ ва ҷашнҳои давлатӣ. Ҳамзамон дар музокираҳо собиқадорон андешаҳои худро баён дошта, ба масъалаҳои мубрам таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Пас аз шунидани гузоришу музокираҳо конференсия қарорҳои дахлдор қабул намуд. Дар анҷоми конференсия як қатор собиқадорони фаъол барои саҳми арзанда дар корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.