15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ! Сокинони меҳанпарвари пойтахт! Ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат ва оғози мавсими кишту кор бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн барои мардуми тоҷик ҳамчун меросбари мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ, падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбинии таърихӣ ба шумор меравад. Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, аз байн бардоштани кинаву адоват, таҳаммулпазириву ҳамдигарфаҳмӣ ва ба ҳамин васила поянда нигоҳ доштани суботи ҷомеа мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки бо талошҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷашни бостонии ниёгонамон мақоми байналмилалиро касб намуда, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам ҷашн гирифта мешавад, ки мояи ифтихори ҳамаи тоҷикон мебошад. Бори дигар фарорасии Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми шарифи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодати зиндагӣ дар ҳар хонадон ва сулҳу суботу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад. Иди фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!