Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Иди Рамазон
Ҳамватанони арҷманд! Сокинони саодатманди пойтахт! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Иди Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу осоиш ва файзу баракат орзу менамоям. Иди саиди Фитр моро ба таҳкими ваҳдат, эҳтироми якдигар ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот ҳидоят менамояд. Арзишҳои неки инсонӣ аз қабили меҳрубонӣ, хайру саховат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар тӯли моҳи пурбаракати Рамазон таҳким меёбанд, бояд ҳамарӯза шиору роҳнамои зиндагию рӯзгори мо бошанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони худ муваффақ гардида, дар айёми Рамазон ва Иди Фитр бештар ба корҳои хайр, аз ҷумла аёдати падару модар, беморону ятимон ва кумак ба оилаҳои ниёзманд машғул мешаванд. Бо қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди пойтахти кишвар дар моҳи мубораки Рамазон низ раванди корҳои ободонию созандагиро муташаккилона ба роҳ монда, ба хотири ободии Ватани азизамон ва истиқболи шоистаи ҷашни умумимиллии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ софдилона заҳмат мекашанд. Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо осоиши зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам. Иди саиди Фитр муборак бод!