Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҷавонони арҷманди кишвар! Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик менамоям. Насли ҷавон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат дар пешрафти давлату ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҷавонони имрӯзаи мо дар партави сиёсати оқилона, муҳити андешасозии миллӣ ва мактаби сиёсии давлатдории навину ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақҳои зиндагиро азхуд намуда, дар рӯҳияи меҳандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва меҳанпарастӣ рушду камол меёбанд. Мояи ифтихору сарбаландист, ки ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас обрӯ ва нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Комёбиҳои ҷавонон дар илму маориф, фарҳангу варзиш, технологияву иноватсия ва соҳибкорӣ далели равшани неруи бузурги зеҳнӣ ва эҷодии насли нав мебошад. Дар шароити ҷаҳони муосир аз ҷавонон сатҳи баланди маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ, садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ тақозо мегардад. Ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиму муқаддаси ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯзи фархунда ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон толеи баланд, бахту иқболи нек, иродаи матин ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!