15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Сокинони фарҳангдӯсти пойтахт!
Ҳамасола санаи 5 октябр дар кишвари маҳбубамон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шумоёнро бо ин санаи фархунда самимона муборакбод мегӯям.
Боиси ифтихори мардуми тоҷик аст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз куҳантарин ва зеботарин забонҳои ҷаҳон мақоми хешро устувор карда, ба омили асосии ваҳдати саросарӣ, шиносномаи ҳастӣ ва ганҷинаи бебаҳои маънавии миллат табдил ёфтааст.
Дар ин раванд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои ҳуқуқии истифодаи забони давлатӣ ва ҳифзи покии забони адабӣ ташаббусҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Забони модарӣ пояи давлатдорӣ, рукни муҳими истиқлолият ва ҳуввияти миллии мост.
Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил ва соҳибватани диёр аст, ки ин мероси бузурги аҷдодиро поку беолоиш нигоҳ дошта, барои таҳкиму инкишофи он саҳми арзанда гузорад.
Бори дигар, кулли ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатӣ, осудагӣ, хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифз ва рушди забони модарӣ барору комёбиҳои беназир таманно дорам.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!
@RustamEmomali