Бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти фарҳангиву маънавии миллат, фарорасии Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.
Забон оинаи таърих, шиносномаи миллат ва гавҳари ҳастии маънавии халқ аст.
Забони тоҷикӣ дар масири пуршебу фарози таърих на танҳо василаи гуфтугӯ, балки баёнгари андешаи миллӣ, нигаҳбони хотираи таърихӣ ва пайванди ногусастании наслҳо гардидааст. Ин забон бо осори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо фарзандони фарзонаи миллат ғанӣ гардида, ба яке аз забонҳои пуриқтидори фарҳангӣ ва адабии тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ танҳо эҳтиром ба як забон нест, балки арҷ гузоштан ба таърих, фарҳанг, адабиёт ва арзишҳои маънавиест, ки ҳастии миллии моро дар тули асрҳо ҳифз намудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳкими мақому ҷойгоҳи забони давлатӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва давлатсозии миллӣ табдил ёфтааст. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони давлатӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқии он ва таҳкими нақши забон дар ҳаёти ҷомеа тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ин раванд заминаи устувор фароҳам овард. Дар идомаи ин сиёсати созанда Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди муҳити забониву фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ дар пойтахт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Имрӯз дар шароите, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати фазои иттилоотӣ ба ҳаёти ҷомеа таъсири рӯзафзун мерасонад, масъулияти мо дар назди забони давлатӣ боз ҳам бештар мегардад. Забон на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузашта, балки ҳамчун забони зиндаи илму маориф, фарҳанг, технология ва муоширати муосир рушд намояд. Махсусан ҷавонон ҳамчун идомадиҳандагони роҳи таърихии миллат бояд забони модариро бо эҳсоси баланди худшиносӣ омӯзанд, пок нигоҳ доранд ва бо истифодаи дурусту шоистаи он ба ғановати маънавии ҷомеа саҳм гузоранд. Зеро бақои забон дар бақои фарҳанг ва пойдории фарҳанг дар устувории худшиносии миллӣ таҷассум меёбад.
Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинони гиромии ноҳияи Шоҳмансур ва мардуми сарбаланди кишварро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор, осоиши хонаводагӣ ва дар роҳи ҳифзу рушди забони давлатӣ комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор, забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон, забони фарҳангу маърифат ва яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории миллӣ ҳамеша бо неруи тоза рушд намуда, барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун пайванди устувори таърих, ваҳдат ва худшиносии миллӣ хидмат намояд.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!