15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Табрикоти Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026

 

31/12/2025

Мардуми шарафманди ноҳияи Шоҳмансур!

Инак, ба Тоҷикистои азизи мо Соли нави мелодӣ фаро мерасад ва ҳамаи мову шумо аз он умеду орзуҳои наву хуҷастаро интизор ҳастем.

Бинобар ин, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва шахсан аз номи худам кулли мардуми сарбаланду некиродаи ноҳияро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод намуда, барои ҳама саломатӣ, бурдборӣ ва хонаи ободу рӯзгори хушро орзу менамоям! Умед ба он дорем, ки соли нав соли оромиву осудагӣ бошад ва барои кулли тоҷикистониён саодату комёбиҳои нав ба навро насиб гардонад.

Соли 2025 дар баробари дигар пешравиҳо, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ кӯдакистонҳо ва дигар иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои оқилона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо корҳои созандагиву ободонӣ ривоҷу равнақи тоза пайдо намуданд. Ин раванд ба татбиқи нақшаҳои стратегӣ ва афзалиятнок беш аз пеш мусоидат карда, дар арсаи ҷаҳонӣ боиси болоравии минбаъдаи нуфузу обрӯйи миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоламон шудааст.

Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда низ ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.

Боварии комил дорем, ки соли нав ба хонадони якояки мардуми ноҳияи Шоҳмансур бо худ файзу баракати тоза, комгориву барор меорад.

Ба ҳамин хотир, бори дигар ҳар яки шуморо ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодии 2026 аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон дар соли нав саломатӣ, иқболу саодат, табъи болида, рӯзгори неку бобарор таманно мекунам!

Соли наватон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!