15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Табрикоти Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Маҳмадшо ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия

Муҳтарам кормандон, хизматчиён ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори осуда, неруи қавӣ ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулияту бошарафатон комёбиҳои нав орзу менамоям.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар низоми давлатдории кишвар мавқеи муҳим дошта, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷумлаи вазифаҳои асосии он ба шумор мераванд. Кормандони милитсия дар ҳама шароит барои ҳифзи амнияти ҷомеа ва оромии мардум масъулияти баланд бар дӯш дошта, бо ҷасорат, ҳушёрӣ, садоқат ба касб ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ хизмат менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ташаккул ва рушди мақомоти корҳои дохилӣ таҳким ёфта, ин ниҳод ба сохтори муосир ва дорои таҷрибаи ғании касбӣ табдил гардид. Ҳамзамон, сиёсати созанда ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти таҳкими амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинони пойтахт ба пешрафти соҳа ва беҳтар гардидани муҳити шаҳр мусоидат менамоянд.
Нақши кормандони милитсия дар таъмини амният ва суботи ҷомеа, бахусус дар маҳалҳо, хеле назаррас аст. Дар ноҳияи Шоҳмансур низ ҳамкории пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими фазои орому осуда аҳаммияти муҳим дорад. Бовар дорам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, риояи қонуният ва муносибати софдилона ба вазифаҳои хизматӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандон, хизматчиён ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ барои хизмати содиқона барои заҳмати шабонарӯзӣ ва саҳми арзандаашон дар таъмини амнияти ҷомеа хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият орзу дорам.
Рӯзи кормандони милитсия муборак бошад!