15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ САФАР МАҲМАДШО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

​Муҳтарам омӯзгорон ва устодони гиромиқадр!
​Бо эҳтирому самимияти хосса ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, неруи тоза, рӯҳияи созанда ва дар фаъолияти пурашарафи омӯзгорӣ комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.
​Рӯзи омӯзгор танҳо ҷашни касбӣ нест, балки арҷгузорӣ ба мақоми маърифат, илму Дониш ва заҳмати фидокоронаи шахсоне мебошад, ки бо қалам ва сухан, бо дониш ва тарбия роҳи зиндагии насли наврасро муайян месозанд. Омӯзгор воқеан меъмори маърифат, тарбиятгари маънавият ва раҳнамои насли оянда мебошад.
​Миллати тоҷик аз қадимулайём ба илму дониш ва аҳли маърифат эҳтироми хосса дошта, нақши устоду омӯзгорро дар тарбияи инсони комил ва таҳкими пояҳои ҷомеа муҳим арзёбӣ менамояд. Имрӯз дар шароити рушди босуръати илму технология, ҷаҳонишавӣ ва афзоиши рақобати зеҳнӣ, рисолати омӯзгор боз ҳам масъулиятноктар гардида, аз ӯ на танҳо дониши амиқ, балки ҷаҳонбинии васеъ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва маҳорати тарбияи насли худшиносу ватандӯстро тақозо карда истодаанд.
​Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому рисолати омӯзгор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ менамоянд. Дар партави ин сиёсати маорифпарварона дар кишвар барои рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор тадбирҳои пайваста амалӣ гардида истодаанд.
​Дар идомаи ин сиёсати созанда Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва дастгирии омӯзгорон дар пойтахт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд.
​Дар ноҳияи Шоҳмансур низ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати хонандагон корҳои созандагию ободонӣ ва тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мегарданд. Зеро рушди маориф ва тарбияи насли соҳибмаърифат яке аз заминаҳои асосии пешрафти устувори ҷомеа ба шумор меравад.
​Муҳтарам омӯзгорон ва устодони азиз!
​Меҳнати Шумо танҳо ба таълиму омӯзиш маҳдуд намегаштад. Шумо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маънавиёт ва мавқеи шаҳрвандии насли наврас нақши калидӣ дошта, дар қалби шогирдон ҳисси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ ва донишомӯзиро парвариш менамоед. Ҳар як дастоварди шогирд дар воқеъ идомаи заҳмату меҳнати содиқонаи устод аст.
​Бо истифода аз фурсат, бори дигар ҳамаи Шумо – омӯзгорону устодони гиромиқадрро ба муносибати ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатии комил, умри дароз, саодати рӯзгор, неруи созанда, файзу баракат ва дар фаъолияти пурашарафатон дастовардҳои назаррас орзу менамоям.
​Бигзор, меҳнати пурашарафи омӯзгор ҳамеша мавриди қадршиносӣ қарор дошта, шогирдони Шумо бо илму дониш, ахлоқи ҳамида, худшиносии миллӣ ва ватандӯстии хеш дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд!