Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, файзу баракат, саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон буда, таҷассумгари эҳтиром ба давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва эътирофи нақши роҳбарияти олии кишвар дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ин сана бо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 баргузор гардида буд, пайванди ногусастанӣ дошта, ҳамчун марҳалаи сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон боқӣ мондааст.
Дар он давраи ҳассосу тақдирсоз, ки кишвар ба мушкилоти шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буд, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳалаи нави эҳёи давлатдорӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар гардид. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ба даст овардани сулҳу суботи пойдор, таҳкими ваҳдати миллӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва таъмини рушди минбаъдаи мамлакат фароҳам оварда шуданд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаро соҳиб гардидааст.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими инфрасохтор, дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми занон, рушди илму маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, бахусус дар самти обу иқлим, низ мақому нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштаанд.
Сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар ободонии пойтахт, рушди инфрасохтори муосир, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинон нақши муҳим доранд. Татбиқи барномаҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур, моро водор месозад, ки бо масъулияти бештар дар роҳи пешрафти маҳал, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ободонии муҳити зист саҳм гузорем.
Мо, сокинони ноҳияи Шоҳмансур, ифтихор дорем, ки дар пойтахти азизи кишвар зиндагӣ ва фаъолият намуда, дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ободии Ватан талош менамоем. Итминони комил дорем, ки бо дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлат, меҳнати содиқонаи сокинон ва ҳамкории аҳли ҷомеа минбаъд низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ободонии пойтахт ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорем.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фазои орому осуда, ки аз арзишҳои волои давлатдории миллии мо мебошанд, ҳамеша пойдор бимонанд. Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, дар кору фаъолияти созанда барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ояндаи боз ҳам дурахшон орзу менамоям.