ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ САФАР МАҲМАДШО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳтарам афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Бо ифтихор ва эҳтироми беандоза фарорасии 33-юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли афсарону сарбозон ва мардуми шарафманди ноҳия аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе самимона шодбош гуфта, дар иҷрои ин рисолати бузург ва ниҳоят шарафманд муваффақиятҳои беҳамто таманно менамоям.
Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат, рамзи шуҷоату далерӣ, матонату мардонагӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи ҳомиёни Ватан иродаи қавӣ ва ба Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона ва амнияти абадиро орзумандам.
Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ ва дар зарфи 33 соли мавҷудият озмоишҳои ҷиддӣ, пайраҳаи пурпечу тоб ва монеаҳои сахту сангинро пушти сар намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва дар партави таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ва комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Артиши миллӣ яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини суботу оромӣ ва рушди устуворӣ мамлакат саҳми назаррас дорад. Бо такмили техникаи ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва тарбияи ҳарби-ватандустии ҷавонон имрӯзҳо қудрати дифоии кишвар тақвият ёфта истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шудааст. Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз неруҳои пурқудрату тавоно табдил ёфтааст.
Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ эътибори Артиши миллӣ дар миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, мардуми кишвар хизматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи меҳанро қадр мекунанд.
Мо имрӯз аз хизмати сарбозон дар ҷузъу томҳои низомии мамлакат ифтихор дорем. Мутмаинем, ки чун ҳарвақта афсарону сарбозони шуҷои Ватан истиқлолу озодии давлат, сулҳу амният ва фазои осоиштаи кишварро содиқона ҳифз менамоянд.
Бо ҳамин ниятҳо дар остонаи таҷлили ин санаи муҳим ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом ва ба Ватани маҳбубамон ояндаи дурахшонро таманно дорам.
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!