Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025
Ҳамасола мардуми сарбаланди Тоҷикистон ироаи Паёми Пешвои миллатро бесаброна интизор мешаванду онро ҳамчун роҳнамо барои худ медонанд. 16 декабри соли 2025 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон ироа гардид, ки ин Паём дар қиёс бо дигар паёмҳо куллан фарқ дошта, аз ҷумла рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод, энергетика, саноат дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор доштанд.Махсусан, таваҷҷуҳи Президенти кишвар нисбат ба рушд ва такмили илму маориф, далолат ба қадамҳои устувор ба роҳи илм ва донишандўзист. Чунончи, Пешвои миллат дар паёмашон таъкид карданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.»
Яъне чун ҳарвақта тарбияи дурусти насли наврас ва саводнок кардани ҷавононро давлату ҳукумат дар беҳтару хубтар намудани шароити таҳсил бо истифода аз усулҳои муосири таълим, бунёди муассисаҳои таълимии наву замонавӣ медонад ва ба ин васила давра ба давра тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Тавре зимни Паёми имсола зикр гардид:
-Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои он аст, ки насли ҷавон саводнок ва забондон бошанду дар ҷомеа ҳамчун афроди донишманду болаёқат ба воя расанд. Барои таҳсил ва донишандўзӣ аз тамоми шароити зарурӣ истифода намоянд. Ин ғамхорӣ далолат аз он медиҳад, ки ки ҳамаи талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири рушду тараққии илм дар кишвар аст.
Дар ин маврид Сарвари кишварамон зимни ироаи Паёмашон ба хосатан қайд доштанд, ки -Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Масъалаи дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию ҷамъомадҳо пайваста таъкид мекунанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ ва зарурӣ буда, омӯзиши онҳоро дар миқёси кишвар бояд дучанд кард. Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ талаб менамоянд, ки дар кишвар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забони англисӣ ва русӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда шавад. Яъне, дарёфти ҳалли ин мушкилот ва муҳайё намудани шароит баҳри рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонии насли наврас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019 таҳти №438 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар интиҳо бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули барномаҳои давлатии соҳаи маориф, бунёди марказҳои забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои кўдакона ва донишгоҳу донишкадаҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониши муассилину донишҷўён, инчунин инкишофу рушди соҳаи маориф ва илм дар кишвар мебошад. Дар ҷавоб ба он ҳама талошҳои Пешвои миллат, мо омӯзгорон худро вазифадор меҳисобем, ки барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф тамоми кӯшишу ғайрат ва нерӯи созандаи худро равона намуда, ҷавонони хештаншинос, худогоҳ ва ватандӯстро тарбия намоем.
Робияи ШЕРАЛӢ,
директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Шоҳмансур