15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Таъиноти кадрӣ 15.08.2026

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайданварзода Раҳмоналӣ Сайданвар ва Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд.
Аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассусу варзида сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии кумита, ҳамчунин сардорони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон таъин карда шуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба тақвияти омодагии доимии касбӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиию техногенӣ ва бартарафсозии пайомадҳои онҳо, омодасозии босифати кадрҳо ва ҷузъу томҳои наҷотдиҳӣ, баланд бардоштани тайёрии қисмҳои низомии соҳа, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаю таҷҳизоти дахлдор, омӯзиши забонҳои байналмилалию технологияҳои муосир ва ҳамчунин, доир ба тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва мардуми кишвар, ҳидоят намуданд.