ШАРИФЗОДА ШАРИФ АМИРАЛӢ-дар миёни беҳтарин омӯзгорони кишвар мақоми аввалро соҳиб шуд.
Дар таърихи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боз як саҳифаи хотирмон ва ифтихоромез рақам зада шуд. Шарифзода Шариф, омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, довталаб аз ноҳияи Шоҳмансур, дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» ғолиб эълон гардид ва миёни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ҳамчун беҳтарин омӯзгор шинохта шуд.
Шарифзода Шариф, яке аз омӯзгорони муваффақи ҷумҳурӣ дар марҳилаи ниҳоии озмун бо муаррифии таҷрибаи касбӣ, маҳорати педагогӣ, қобилияти эҷодӣ, донишу малака ва истифодаи усулҳои муосири таълиму тарбия аз миёни довталабони даври ҷумҳуриявӣ сазовори унвони «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2026» гардид.
Маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолиби озмун дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, муовини сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ба Шарифзода Шариф Амиралӣ Ҷоми озмун, Диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ, инчунин нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» супорида шуд. Ин қадрдонӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти омӯзгорони соҳибкасб ва нақши онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Ғолибияти Шарифзода Шариф Амиралӣ натиҷаи як рӯзи озмун нест. Дар паси ин дастовард таҷрибаи чандинсолаи касбӣ, ҷустуҷӯи пайвастаи роҳҳои нави таълиму тарбия, фаъолияти эҷодӣ ва методӣ ва муҳаббат ба касби пурмасъулияти омӯзгорӣ меистад.
Ин пирӯзӣ бори дигар нишон дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мутахассисони соҳибкасб, эҷодкор, навовар ва дорои маҳорати баланди педагогӣ фаъолият менамоянд. Шарифзода Шариф Амиралӣ имрӯз на танҳо ғолиби як озмун, балки чеҳраи муаррифгари таҷрибаи омӯзгорони ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Муваффақияти ӯ дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба соҳаи маориф ба даст омадааст.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дастгирии омӯзгорону мураббиёни соҳибкасб таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.
Боиси зикр аст, ки дастоварди Шарифзода Шариф Амиралӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026» баъд аз 12 сол, яъне баъди ғолибияти Саидзода Саида Саид-омӯзгори фанни забон ва адабиёти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2014 такрор ёфт.
Аҳли омӯзгорон, кормандон ва хонандагони ноҳия Шарифзода Шарифҷон Амиралиро бо ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, саломатии бардавом, неруи тоза, комёбиҳои боз ҳам бештар ва қуллаҳои нави касбиро орзу менамоянд.
Унвони «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026» муборак бошад!