14/01/2026
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои доимии
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин
намудани амнияти озуқаворӣ, хониши зимистона дар мавзуи “Таъмини рушди устувори
соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба
коҳиш додани он дар истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ” бо иштироки сардори Раёсати
кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иззатулло
Эмомзода, муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Далер Раҳмонзода, олимони Академияи
илмҳои кишоварзии Тоҷикистон устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур,
мутахассисон, раисони маҳаллоҳо, роҳбарони ҳоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои
Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар хониши мазкур зикр гардид, ки бо
мақсади таъмини рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ дар мамлакат тадбирҳои
мушаххас амалӣ гардида, барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, беҳтар
намудани сифати маҳсулот ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона шудаанд. Дар ин
раванд ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла картошкапарварӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ
ва дигар бахшҳои муҳимми кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Иҷрои
пайгиронаи ин тадбирҳо ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда, асоси
мустаҳкамии амнияти озуқавории кишварро таъмин менамояд.
Зимни баромадҳои худ олимону устодон ва мутахассисони
соҳа вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани самаранокии асалпарварӣ, беҳтар
намудани нигоҳубини замбури асал, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, бунёди
ҳавзҳои парвариши моҳӣ, дар амал ҷорӣ намудани технологияи муосир, интихоби
тухмиҳои серҳосили картошка, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва зиёд намудани
ҳосилнокии замин ибрози назар намуданд.
Дар идомаи хониши зимистона, инчунин дигар
соҳаҳои кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки татбиқи
тавсияҳои илмӣ ва амалияи пешниҳодгардида ба рушди устувории соҳа ва беҳтар
шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.