Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш баргузор гардид.
Дар ҷараёни тамошои дастаҷамъона иштирокдорон ба суханронии Пешвои миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, нақши омӯзгор дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити муосир барои таҳсили насли наврасро муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки маориф ва дониш омили асосии пешрафти ҷомеа ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, тарбияи насли ҷавони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯст яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маориф ва таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди соҳаи маориф барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.