21 август зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, як қатор иншооти соҳаи маориф фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин радиф, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, рушди таҳсилоти томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба зинаи ибтидоии таълимӣ се маркази инкишофи барвақтии кӯдак, ки дар маҳалҳои дурдасти ноҳияи Файзобод бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуд.
Яке аз чунин иншоот дар деҳаи Сари Сафедхоки деҳоти Чашмасор бунёд гардида, дар он барои фарогирии 50 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази мазкур дорои 6 ҳуҷра ва 2 гурӯҳи таълимӣ мебошад. Ҳамчунин, дар саҳни он барои бозиҳои кӯдакона, машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст.
Маркази дуюм дар деҳаи Шерамони деҳоти Меҳробод, ки аз ҷумлаи маҳалҳои дурдасти ноҳия ба ҳисоб меравад, сохта шуда, барои фарогирии 50 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассиса дорои 6 ҳуҷра ва 2 гурӯҳи таълимӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлол низ маркази инкишофи барвақтии кӯдак ба истифода дода шуд. Маркази мазкур низ аз бинои якошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷра ва 2 гурӯҳ мебошад ва барои қабули зиёда аз 50 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, бо мавриди истифода қарор гирифтани се маркази инкишофи барвақтии кӯдак дар маҷмуъ барои 150 нафар имконияти фарогирӣ бо таълиму тарбия дар муҳити муносиб ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир фароҳам оварда шудааст.
Таъсиси чунин марказҳо дар деҳаҳои дурдасти кишвар аз таваҷҷуҳи пайваста ва махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои кӯдакон сарчашма мегирад.
Марказҳои инкишофи кӯдак дар рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва маънавии наврасон, ташаккули малакаҳои ибтидоии омӯзишӣ ва омодасозии онҳо ба таҳсилоти минбаъда нақши муҳим доранд.
Марказҳои мазкур дар ноҳияи Файзобод дар доираи лоиҳаи рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон бунёд гардида, ба рушди зинаи ибтидоии низоми маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари таълимӣ барои кӯдакон равона шудаанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти соҳаи маориф шароити таълиму тарбия барои кӯдакони деҳоти дурдаст боз ҳам беҳтар гардида, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои таҳсилоти томактабӣ васеъ мегардад ва барои омодасозии насли соҳибмаърифату донишманд заминаи дилхоҳ эҷод мегардад.