15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТАШАББУСИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ БУНЁДИ ҶАҲОНИ ОСОИШТА

Дар ҳошияи қабули Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (солҳои 2027-2036)
Дар замони муосир инсоният бо таҳаввулоти бесобиқа ва ҳамзамон бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили низоъҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, муҳоҷирати иҷборӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва густариши иттилооти бардурӯғ омилҳое мебошанд, ки ба амният ва суботи ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар чунин шароит ҳифзи сулҳ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Маҳз бо назардошти ҳамин воқеият, дарки амиқи хиради волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатъномаи махсус солҳои 2027–2036-ро даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насли оянда эълон намуд. Ин ташаббуси муҳимми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки сулҳ дар ҳама маврид заминаи асосии рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи тамоми инсоният мебошад.
Ҳадафҳои даҳсолаи мазкур фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколама, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории созандаи байни давлатҳо ва халқҳоро тақвият бахшидан аст. Ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба наврасон ва ҷавонон равона гардида, онҳо ҳамчун неруи асосии рушди ҷомеа ба ташаккули фарҳанги сулҳпарварӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо собит намудааст, ки ҷонибдори сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон роҳи рушди устуворро пеш гирифта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои обу иқлим, рушди устувор, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имрӯз дар масъалаи таҳкими сулҳ нишонаи он аст, ки сиёсати хориҷии кишвар ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Эълони гардидани даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насли оянда идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда мебошад. Ин ташаббус мақоми байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам таҳким бахшида, эътибори кишварро ҳамчун ҷонибдори сулҳу амният афзоиш дод.
Ягон давлат бе сулҳу субот ба рушди воқеӣ ноил шуда наметавонад. Пешрафти иқтисодӣ, рушди илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, технология ва дигар соҳаҳо танҳо дар фазои оромӣ ва амният имконпазир аст. Ҳар ҷое, ки сулҳ вуҷуд дорад, мардум имкони зиндагии шоиста, таҳсил, меҳнат ва эҷодкориро пайдо мекунанд. Баръакс, ҷанг ва низоъҳо миллионҳо одамонро аз хонаю ватани худ маҳрум сохта, иқтисодиётро хароб ва рушди давлатҳоро солҳои зиёд ақиб мегузоранд. Аз ин рӯ, сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ маънои эҳтироми ҳуқуқи инсон, баробарӣ, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва имконияти баробар барои ҳамаи шаҳрвандонро дорад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими даҳсолаи мазкур таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон мебошад. Имрӯз зиёда аз нисфи аҳолии кураи Заминро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ояндаи давлатҳо аз ҷаҳонбинӣ, дониш, маърифат ва масъулиятшиносии онҳо вобаста аст. Биноба ин, ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд арзишҳои сулҳро дар ҷомеа тарғиб намоянд ва бар зидди ифротгароӣ ва хушунат мубориза баранд. Фарҳанги таҳаммулпазириро густариш дода, бо истифода аз технологияҳои муосир паёмҳои дӯстӣ ва ваҳдатро интишор намоянд ва дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва фаъолияти илмиро ба роҳ монанд.
Аз ҳамин ҷиҳат, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон яке аз самтҳои асосии татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи мазкур маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, муассисаҳои таълимӣ бояд маркази асосии ташаккули фарҳанги сулҳ бошанд. Аз синни хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдакон эҳтиром ба инсон, муҳаббат ба Ватан, таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги муошират бояд тарбия карда шавад.
Омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа вазифадоранд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Илова бар ин, рушди илм, технология ва саводи рақамӣ ҷавононро аз таъсири ғояҳои ифротӣ муҳофизат намуда, имконияти иштироки фаъолонаи онҳоро дар рушди ҷомеа зиёд мекунад.
Дар татбиқи ҳадафҳои даҳсола танҳо фаъолияти давлатҳо кофӣ набуда, созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, марказҳои фарҳангӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма низ бояд саҳми назаррас дошта бошанд. Матбуот ва телевизион метавонанд бо пахши барномаҳои маърифатӣ, мусоҳибаҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва маводи таҳлилӣ фарҳанги сулҳро дар ҷомеа тақвият бахшанд. Инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ низ бояд ба воситаи тарғиби арзишҳои инсонпарварӣ, мубориза бо хабарҳои бардурӯғ ва пешгирии суханони нафратангез ба таҳкими сулҳ мусоидат намоянд.
Дар замони муосир масъалаҳои амният дигар танҳо мушкилии як давлат набуда, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва бемориҳои сироятӣ ҳамкории густурдаи давлатҳоро талаб менамояд. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ танҳо дар асоси ҳамкории самараноки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир мебошад. Ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар, муколама ва дипломатияи созанда бояд асоси муносибатҳои байналмилалӣ бошанд.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ барои бисёр кишварҳо намунаи омӯзиш мебошад. Мардуми тоҷик баъди солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ бо иродаи қавӣ, хирадмандӣ ва ваҳдат тавонистанд сулҳро барқарор намуда, ба рушди босуръати кишвар оғоз бахшанд. Имрӯз кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ на танҳо аз таҷрибаи сулҳи худ мегӯяд, балки дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ барои таҳкими сулҳу субот саҳми арзанда мегузорад.
Бояд қайд намуд, ки эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насли оянда рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, аҳаммияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона дорад. Ташаббуси навбатии бори дигар собит месозад, ки сулҳ арзиши олӣ, заминаи рушди устувор ва кафили зиндагии шоистаи тамоми инсоният мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин иқдоми муҳим бори дигар садоқати худро ба арзишҳои сулҳ, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқу миллатҳо нишон дод. Ин ташаббус на танҳо ба манфиати як давлат, балки ба манфиати тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидааст.
Имрӯз вазифаи ҳар як инсон - хоҳ сиёсатмадор бошад, хоҳ омӯзгор, рӯзноманигор, донишҷӯ ё шаҳрванди одӣ саҳм гузоштан дар ҳифзи сулҳу оромӣ мебошад, зеро сулҳ мероси гаронбаҳоест, ки бояд барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳифз карда шавад. Аз ҳамин лиҳоз, даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои насли оянда як санади байналмилалии даъвати умумибашарӣ ба ваҳдат, ҳамкорӣ ва масъулияти муштарак барои ояндаи осоиштаи ҷаҳон мебошад.
Сафар ОЛИМЗОДА,
Раиси ноҳияи Шоҳмансур