Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташаккули санъати касбии миллӣ, рушди мусиқӣ ва тарбияи завқи зебоипарастии ҷомеа нақши арзанда дорад. Ин боргоҳи ҳунар, ки таърихи беш аз ҳаштодсоларо дар бар мегирад, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ҳамчун маркази тарғиби арзишҳои фарҳангӣ, инсондӯстӣ ва маърифати миллӣ хизмат мекунад.
16 октябри соли 1939 дар таърихи фарҳанги тоҷик рӯйдоди воқеан таърихӣ ба амал омад: нахустин операи миллӣ — «Шӯриши Восеъ» рӯйи саҳна омад. Ин асари монументалӣ, ки аз ҷониби шоирони маъруф Абдусалом Деҳотӣ ва Мирзо Турсунзода эҷод гардида буд, воқеаҳои охири асри XIX ва муборизаи мардуми одиро бар зидди зулму ситами амирӣ инъикос мекард.
Офаридани ин опера оғози марҳилаи нави рушди санъати касбии тоҷик гардид. Ҳунармандони ҷавон, ки аксар таҳсилоти пурраи мусиқӣ надоштанд, бо истеъдоди фитрӣ ва меҳнати шабонарӯзӣ тавонистанд нахустин саҳнаҳои миллиро бо руҳи ватандӯстӣ ва озодихоҳӣ ғанӣ гардонанд. Маҳз ҳамин асар заминаи ташаккули театри касбии опера ва балети тоҷикро фароҳам овард.
Моҳи декабри соли 1940 бо қарори Президиуми Шурои Олии ҷумҳурӣ Театри мусиқӣ расман ба Театри опера ва балет табдил дода шуд. Ин қарор барои рушди минбаъдаи фарҳанги миллӣ аҳаммияти бузург дошт ва дари навро ба рӯйи ҳунармандон ва эҷодкорони тоҷик боз намуд.
Дар солҳои баъдӣ саҳнаи театр бо асарҳои мондагори миллӣ ва ҷаҳонӣ ғанӣ гардид. Операҳои «Шӯриши Восеъ», «Парчами оҳангар», «Тоҳир ва Зуҳро», «Бахтиёр ва Нисо», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Комде ва Мадан», «Рӯдакӣ», «Ғуломон», «Рустам ва Суҳроб» ва даҳҳо намоишномаи дигар ба хазинаи тиллоии фарҳанги тоҷик ворид шуданд.
Дар баробари опера, санъати балет низ тадриҷан рушд кард. Ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Ғаффор Валаматзода, Малика Собирова ва даҳҳо устодони саҳна тавонистанд мактаби миллии балетро бунёд гузоранд. Театр ба макони воқеии ҳамоиши анъанаҳои миллӣ ва санъати ҷаҳонӣ мубаддал гардид.
Аммо марҳилаи воқеан муҳим дар таърихи театр ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Солҳои аввали истиқлол, сарфи назар аз мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ, театр фаъолияти худро қатъ накард ва ҳамчун яке аз рамзҳои ҳифзи фарҳанги миллӣ боқӣ монд.
Дар солҳои навадуми асри гузашта, замоне ки кишвар рӯзҳои душворро паси сар мекард, аҳли театр барои ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Соли 1993 операи «Сиёвуш»-и Толиб Шаҳидӣ рӯйи саҳна омад, ки ғояҳои ватандӯстӣ, шуҷоат ва матонати халқро таҷассум мекард. Баъдтар намоишҳои машҳури ҷаҳонӣ низ ба репертуари театр ворид шуданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими он давра иҷрои нахустини Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳунармандони театр буд. Ин рӯйдод аҳаммияти фарҳангӣ, сиёсӣ ва маънавӣ дошт ва оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷиконро таҷассум намуд.
Бо бастани созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи фарҳанг шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз дар ҳамин давра Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки фарҳанг пояи ҳастии миллат аст. Ин сиёсати хирадмандона барои эҳёи санъати миллӣ, дастгирии аҳли фарҳанг ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи устувор гузошт.
Дар даврони Истиқлол даҳҳо асарҳои нав таҳия ва ба намоиш гузошта шуданд. Операҳои «Абуалӣ ибни Сино», «Рӯдакӣ», «Комде ва Мадан», «Хусрав ва Ширин», «Кони пурганҷ», инчунин шоҳасарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили «Травиата», «Аида», «Пиковая дама», «Трубадур», «Севилский сартарош» ва «Богема» дубора эҳё гардиданд.
Балети тоҷик низ дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Бо ибтикори Пешвои миллат аз соли 2003 ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи давлатии хореографии шаҳри Перм фиристода шуданд. Имрӯз хатмкунандагони ин муассисаи бонуфуз — Фарангис Қосимова, Муҳаммад Азимзода, Асал Нилобекова, Умед Сангализода ва дигарон чеҳраҳои намоёни саҳнаи тоҷик мебошанд.
Дар саҳнаи театр балетҳои «Зол ва Рӯдоба», «Ҳофизнома», «Жизел», «Дон Кихот», «Шелкунчик», «Боғи Бахчисарой», «Мелодияи ишқ» ва дигар намоишҳо пешниҳоди тамошобинон гардиданд.
Ҳунармандони театр дар тули солҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар фестивалу озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзидаанд. Сафарҳои ҳунарӣ ба Туркия, Олмон, Чин, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо боиси мустаҳкам гардидани робитаҳои фарҳангӣ ва баланд шудани нуфузи санъати тоҷик шуданд.
Аз ҷумла соли 1998 дастаи хории театр дар шаҳри Анқара миёни намояндагони 39 кишвари ҷаҳон мақоми дуюмро соҳиб гардид. Дар солҳои минбаъда театр дар фестивалҳои байналмилалии «Наврӯз», «Парасту» ва дигар чорабиниҳои бонуфуз сазовори ҷоизаҳои баланд шуд.
Соли 2021 барои театри опера ва балет соли хотирмон буд. Дар баробари таҷлили сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, театр мавсими ҳаштодсолагии фаъолияти худро ҷашн гирифт. Дар ин сол намоишҳои нав, барномаҳои консертӣ, шабҳои эҷодӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир таъсиси Студияи опера дар назди театр мебошад, ки бо ҳамкории Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосии он омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи опера ва густариши мактаби касбии миллӣ мебошад.
Имрӯз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ танҳо як муассисаи фарҳангӣ нест. Он оинаи таърихи миллат, мактаби маърифат, маркази тарбияи зебоипарастӣ ва рамзи пайванди наслҳо ба ҳисоб меравад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Театри опера ва балет дар иҷрои ин рисолати муқаддас саҳми босазо гузошта, бо эҷоди асарҳои тоза, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва эҳёи мероси фарҳангӣ роҳи рушди худро идома медиҳад.
Бо гузашти даҳсолаҳо саҳнаи ин боргоҳи ҳунар ҳамоно бо суруду мусиқӣ, рақсу наво ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ пурҷило мемонад. Зеро фарҳанг, воқеан, пояи ҳастии миллат аст ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ яке аз посдорони асосии ин ганҷи бебаҳо маҳсуб меёбад.