15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои бузурге мебошанд, ки амният, субот ва оромии ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунанд. Ин падидаҳо на танҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд, балки ба ваҳдати миллӣ, арзишҳои инсонӣ ва рушди иқтисодии давлатҳо зарбаи сахт мерасонанд. Имрӯзҳо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ василаи осону дастраси ҷалб ва таблиғи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз видеоҳо, матнҳо ва паёмҳо кӯшиш мекунанд ҷавононро ба доми худ кашида гумроҳ созанд. Аз ин рӯ, тафаккури интиқодӣ, дониш ва ҳушёрӣ барои ҳар як ҷавони ватандӯсту меҳанпараст ниҳоят муҳим аст.
Экстремизм пеш аз ҳама шакли ифротгароии фикрӣ ва идеологӣ мебошад. Аксаран чунин экстремистон аз ноогоҳии мардум, махсусан, ҷавонон истифода бурда, бо шиорҳои ҷолиб, вале бардурӯғ онҳоро ба роҳи нодуруст мебаранд. Дар бисёр ҳолатҳо экстремизм бо сӯистифода аз дин сурат мегирад. Мафҳумҳои муқаддас таҳриф карда мешаванд, аз ҷумла оятҳо ва ҳадисҳо нодуруст шарҳ дода шуда, хушунат ҳамчун «амали савоб» муаррифӣ мегардад. Дар ҳоле ки тамоми динҳои осмонӣ, аз ҷумла ислом, мардумро ба сулҳ, сабр, меҳрубонӣ ва эҳтироми ҷонии инсон даъват мекунанд.
Терроризм бошад, марҳалаи хатарноктар ва зӯроварии экстремизм буда, он бо истифода аз тарсу ваҳм, куштор, таркиш, гаравгонӣ ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ амалӣ мегардад. Ҳадафи террористон танҳо куштани одамон нест, балки вайрон сохтани суботи ҷомеа, ноором кардани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии дилхоҳ давлат мебошад. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки он гурӯҳҳои террористӣ, ки гӯё барои озодӣ ва роҳи рост мубориза мебаранд, вале дар асл аз ҷониби кадом давлатҳои абарқудрат роҳандозию маблағгузорӣ шуда, баҳри ҳадафҳои муайяни гурӯҳҳои махсус мубориза мебаранд. Ҳар як ҳодисаи нанговару даҳшатоваре, ки аз ҷониби ин гурӯҳҳо амалӣ мешаванду дар тамоми расонаҳои хабарии дунё ба мардум пешкаш мегарданд, дар қалби мардум ҳисси нафратро бедор месозад.
Агар таърихро варақ занем, шоҳиди он мегардем, ки миллати тоҷик миллатест куҳанбунёд, бомаърифат, бофарҳанг, инсондӯст, ватанпарвар, озодихоҳ ва тамаддуонфар. Дар ягон давру замон миллати тоҷик барои кишваркушоӣ ё забт кардани қавме, миллате ё мамлакате ҳуҷумҳои харобиовару қатли омро накардааст ва намекунад. Ба хотир меорем қаҳрамониҳои Шераки далер Спитамени шуҷоъ, Деваштиҷу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъро, ки танҳо баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аз аҷнабиён муборизаҳои озодихоҳона кардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин зуҳуроти номатлуб – терроризму экстремизм мубориза баранд. Чунончӣ дар паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат зикр намуданд: “Дар шароити буҳрониву нооромие, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад”.
Ҳар ҳақиқат мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, ин масъулияти аҳли ҷомеа мебошад. Оила бояд дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии фарзандон нақши фаъол дошта бошад. Мактаб ва муассисаҳои таълимӣ бояд ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба қонунро ташаккул диҳанд.

Қудратулло ГУЛМУРОДЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансур