ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ – ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз ҷомеаи мутамаддинро амалҳои террористию экстремистӣ ба ташвиш овардааст ва ин мушкилӣ яке аз масъалаҳои доғи умумиҷаҳонӣ шудааст. Гурӯҳҳои террористию экстремистии ифротгаро бо мақсади ба сари қудрат омадан, аз ҷониби “хоҷаҳо”-и худ маблағгузорӣ шуда, дар “мактабҳо”-и махсус тарбия гирифта, мехоҳанд зиндагии осоиштаи ин ё он кишварро халалдор созанд. Суиистифода аз дин ва ҳар гуна ақидаву нигоҳҳои “нав”-и бардурӯғ сухан гуфта, диққати мардум, махсусан, ҷавононро ба худ ҷалб месозад ва бо ин роҳ худро ҳақшиносу ростгӯву ҳақҷӯ вонамуд карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд.
Дар рӯзҳои мо бояд ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу кор, синну сол ва мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи ҳаёту мамот саҳмгузор бошад. Ҳамон гуна, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар муқобили даҳшати фашизм ба муборизаи шадид бархоста буд, имрӯз низ бояд тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили ин вабои аср муттаҳид шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки “имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Шояд барои як нафар инсони одӣ фаҳмиши мафҳуми “терроризм” душворӣ пеш орад, вале агар ба истилоҳ гӯем он “тарс”, “воҳима” ва “даҳшат”-ро дар маҷмуъ ифода мекунад, шояд ба аксарият фаҳмотар бошад. Бинобар ин, террорист бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ мекунад ва мақсади асосии ин гуна афрод ҷомеаи ҷаҳониро бо роҳи ғайриқонунӣ, зӯрию даҳшатафканӣ ба ҳолати тарсу ваҳм, даҳшат ва ноумедӣ овардан аст.
Дар ячейкаҳои муайяни ин гурӯҳҳо, агар ҳар нафаре, ки аз гуфтаҳои ин қабил шахсон, ки ба истилоҳ бо номи “террорист” маълум аст, саркашӣ кунад, нисбаташ ҳукм бароварда, ӯро ба унвонҳои “ҷоҳил” ва “кофир” маҳкум намуда, бо як ваҳшигарӣ ҷон аз ӯ мерабоянд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ки ба шуури маънавии аксар ҷо шудааст, рӯ ба сӯйи осоиштагӣ ниҳодан, масъалаи муҳимтаре нест, зеро кишвари биҳиштосои мо – Тоҷикистони азиз бо роҳи ҷомеаи озоди демократию ҳуқуқбунёд пеш рафта истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки “мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад”.
Терроризм ва экстремизм таҳдидҳои глобалие мебошанд, ки ба амният ва рушди ҷаҳон хатар доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо истифода аз омӯзиш, маърифат, қонун ва ҳамкории байналмилалӣ ин амалҳои номатлубро пешгирӣ кунанд. Ҳар як шахс метавонад бо ҳушёрӣ ва дастгирии ҷомеа дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм саҳмгузор бошад. Мутаассифона имрӯзҳо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи экстремизму терроризм ва ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро фаровон истифода шуда истодааст ва мо танҳо тавассути фаҳмиши дуруст ва ҳамкории ҳамаҷониба метавон ҷомеаро аз гаравидан ба ин гурӯҳҳои зӯровару зишткор эмин нигоҳ дорем.
Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки “алтернативаи сулҳ аз мо таҳкими бебозгашти принсипи инсондӯстиро тақозо мекунад, ки мувофиқи он касе хақ надорад ба дигаре тарзи ҳаёт, рафтору ақида, ирода, шакли руҳоният ё дин, фарҳанг ва забони худро зӯран таҳмил намояд”. Бешубҳа бояд гуфт, ки ҳар як халқу миллати рӯйи олам хуқуқ дорад тақдири худ ва интихоби роҳи минбаъдаро бе дахолати беруна муайян намоянд.
Сайфиддин МУРОДОВ,
мудири бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансур