Дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ қабули қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” миллати тоҷик ва кулли мардуми сайёраро пайку умеди тозае бахшид. Бояд тазаккур дод, ки ин қатънома пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва қабул гардид. Маҳз бо ин қатънома давлатҳои узви СММ уҳдадорӣ ва вазифаҳои муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳу амният миёни наслҳои имрузу оянда тасдиқ намуданд.
Мақсади асосии ин қатънома ин наҷот ва ҳифзи наслҳои оянда аз офатҳои ҷангу нестшавии миллатҳо мебошад. Қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Созмони Миллали Муттаҳид ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошад. Ин қатънома аз нақши суҳофариву ваҳдатдӯстии миллати тоҷик сарчашма гирифта, вазифаи асосияш пешбурди фарҳанги сулҳ дар миқёси ҷаҳон аст.
Бад ин минвол, академики академияи илмҳои Тоҷикистон қайд намуданд, ки агар Пешвои миллати мо - Пешвои кулли мардуми сайёра мешуд, имруз дар ягон гӯшаву канори сайёра ҷангу нофаҳмиҳо сар намезад. Қабули ин қатънома, ки тақдири кулли дунёро дигаргун месозад боиси шинохти миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гашт. Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои ваҳдатшиору сулҳхоҳи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли ҷаҳон аст.
Агар гӯем, ки Шоҳаншоҳи даврони ту меарзӣ!
Муборак бод ин дастоварди рузи Ваҳдати миллӣ ба кулли ҳамватанон!