15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТОҶИКИСТОН – ПЕШСАФИ ҶАҲОН АЗ РӮЙИ ШОХИСИ «ҚОНУН ВА ТАРТИБОТ»-И GALLUP

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и созмони байналмилалии таҳқиқотии Gallup мақоми аввалро касб намуда, дар байни кишварҳои ҷаҳон пешсаф гардид. Тибқи гузориши охирини «Global Safety Report – 2026», Тоҷикистон соли дуюм аст, ки дар ин шохиси бонуфузи байналмилалӣ ҷойи аввалро нигоҳ медорад. Ин натиҷа аз сатҳи баланди эҳсоси амнияту бехатарӣ дар ҷомеа ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳад.
Шохиси мазкур бар асоси назарсанҷиҳои Gallup таҳия гардида, эҳсоси бехатарии шаҳрвандон ҳангоми гаштугузори шабона, сатҳи эътимод ба мақомоти милитсия, инчунин таҷрибаи дуздӣ ва ҳамла дар давоми 12 моҳи охирро дар бар мегирад. Пешсафии Тоҷикистон дар чунин арзёбии байналмилалӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар буда, бозгӯи аҳаммияти таъмини суботу оромӣ, волоияти қонун ва ҳифзи амнияти ҷомеа мебошад.
Бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансур