15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҲУНАРМАНДОН ВА ИСТЕЪДОДҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» СОҲИБИ 13 ҶОИЗА ГАРДИДАНД

Иштироки фаъолона ва дастовардҳои назарраси намояндагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз рушди истеъдодҳои ҷавон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таваҷҷуҳ ба санъату ҳунари асил шаҳодат медиҳад. Аз рӯйи маълумоти ҷадвали натиҷаҳои озмун, намояндагони ноҳия дар маҷмӯъ 13 натиҷаи ҷоизадор, аз ҷумла 3 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм ва 6 ҷойи сеюм ба даст овардаанд.
Дар бахши наво­зандагӣ, жанри академӣ, гурӯҳи синнусолии 12–17-сола, Камалова Сабрина Руслановна, хонандаи ихтисоси фортепианои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, ҷойи сеюмро ишғол намуд. Дар жанри академии созҳои миллӣ Мамадалиев Шеридин Давлатқадамович, ки дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов аз рӯйи ихтисоси най таҳсил мекунад, низ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар гурӯҳи синнусолии 18–35-сола, дар жанри академии созҳои аврупоиасос, Давлатзода Муҳаммад Баҳодур, донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз рӯйи ихтисоси габой, ШОҲҶОИЗА ба даст овард. Саидов Комрон Абдуқаюмович, ки дар ҳамин муассиса аз рӯйи ихтисоси кларнет таҳсил менамояд, ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Дар жанри академии созҳои миллӣ Ҷумаев Лутфулло Давлаталиевич, донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз рӯйи ихтисоси рубоби қошғарӣ, ҷойи якумро ишғол намуд. Файзиев Фирузҷон Туйчибойевич, намояндаи ҳамин муассиса аз рӯйи ихтисоси рубоби Бадахшонӣ, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар жанри анъанавӣ Ҷалилов Ҷавоҳир, ки аз рӯйи ихтисоси рубоб дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов таҳсил мекунад, ҷойи якумро соҳиб шуд. Раҷабов Сафарбек Ҳусайнович дар бахши сарояндагии анъанавӣ ШОҲҶОИЗА ба даст овард. Ҳамчунин, Узоқов Маъруфҷон Набиҷонович, дар ихтисоси асбобҳои зарбӣ, ҷойи якумро ишғол намуд.
Дар жанри эстрадӣ Боймамадов Шодӣ Боймамадович, ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз рӯйи ихтисоси асбобҳои зарбӣ таҳсил мекунад, ҷойи якумро ба даст овард. Қувватов Шоҳмақсуд Бахтиёрович дар ихтисоси навозандагӣ ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Дар номинатсияи дизайн, жанри дизайни графикӣ, реклама, ороиши дохили бино ва меъмории манзаравӣ, Раҳимова Муниса, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ аз рӯйи ихтисоси дизайни дохили бино, ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Дар номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графикаи дастгоҳӣ ва миниатюра, Абдусатторзода Волида Абдуманнон, донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси графикаи дастгоҳӣ, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар жанри санъати ороиши амалӣ, ки кулолгарӣ, маҳсулоти бадеӣ аз металл, коркарди масолеҳи сангӣ, наққошӣ ва коркарди бадеии чӯбро дар бар мегирад, Ёрбобоев Шӯҳрат Ёрмаҳмадович, донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси заргарӣ, ШОҲҶОИЗА ба даст овард.
Ин натиҷаҳо боиси ифтихори ноҳияи Шоҳмансур буда, аз истеъдод, маҳорати касбӣ ва заҳмати пайвастаи иштирокчиён шаҳодат медиҳанд. Дастовардҳои онҳо ҳамзамон саҳми муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат ва омӯзгоронро дар тарбияи насли соҳибистеъдод ва ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ инъикос менамоянд.