15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – СУЛҲУ СУБОТ ВА ШУКУФОИИ ВАТАН

Дар партави сиёсати хирадмандона ва сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар Майдони 800-солагии Москваи назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ – сулҳу субот ва шукуфоии Ватан» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Точикистон Насимҷон Анваров, муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо, намояндагони мақомоти давлатӣ, ходимони илму адаб, омӯзгорон ва меҳмонон ширкат варзиданд.
Чорабинии фарҳангӣ бо суханони шодбошӣ оғоз ёфта, нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ҳозиринро бо ин рӯзи фараҳу шодӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихи навини кишварамон буда, кафили зиндагии орому осуда, ояндаи дурахшони насли ояндасоз ва пойдории давлати соҳибихтиёрамон мебошад. Ваҳдати миллӣ кафолати рушди устувор ва шукуфоии имрӯзу фардои Ватани азизамон мебошад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳем ва ба сулҳу суботи комил бирасем».
Инчунин зимни суханронӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо иброз намуд, ки «Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мо шоҳиди он гаштаем, ки сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ дар ҷаҳон эътироф ва омӯхта мешавад. Ба шарофати ин суботу оромӣ, Тоҷикистон ба як минбари ташаббусҳои ҷаҳонии об ва иқлим табдил ёфтааст».
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандон барои саҳми муносиб гузоштан дар таблиғу ташвиқи сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи босамари сиёсати давлатӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо намоиши театрикунонидашудаи ҷолиб оғоз ёфт, ки дар он лаҳзаҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва эҳёи дубораи кишвар ва ба ҳам омадани миллат ба василаи сулҳу субот бо маҳорати баланди касбӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар идомаи чорабинӣ сарояндагони ҷавону маъруфи кишвар бо сурудҳои тару тозаи хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ба анҷом расид ва ин ҷашнвора бори дигар собит намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус насли наврасу ояндасоз қадри сулҳу суботро медонанд ва барои шукуфоии Ватани азизи худ камари ҳиммат мебанданд.