Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди ватандӯст бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза талош варзад. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин гуфта буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат, махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлоли миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».
Дар таърихи башарият ҳеҷ неъмате арзишмандтар аз сулҳу субот нест. Сулҳ - кафолати рушди устувор, амнияти шаҳрвандон ва ояндаи дурахшони ҳар як давлату миллат аст. Беҳуда нест, ки халқи тоҷик аз замони қадим сулҳро чун гавҳари ноёб ва оромиро чун асоси зиндагӣ мадҳу ситоиш ва ҳифз кардааст. Имрӯз низ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромӣ заминаи асосии ҳастии миллат ва бақои давлат ба ҳисоб меравад. Оромиву суботи сиёсӣ омили аввалиндараҷаест, ки ба Ҳукумати кишвар имкон медиҳад барномаҳои дарозмуддатро амалӣ созад. Вақте ки дар кишвар сулҳ ҳукмфармост, иқтисодиёт рушд мекунад, сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба устувории кишвар боварӣ ҳосил карда, барои бунёди корхонаҳо, роҳҳо ва инфрасохтори муосир сармоя мегузоранд ва ободӣ вусъат меёбад. Намунаи барҷастаи инро метавон дар сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳими кишвар, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, мушоҳида кард.
Воқеаҳое, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми тоҷик омаданд, барои миллати тоҷик, ки аз чандин имтиҳони бузурги таърихӣ гузаштааст, боз як имтиҳони ҷиддиеро пеш гузошт. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ваъда доданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам!» ва ҳамин тавр ҳам шуд. Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ гардида, ба сулҳу субот, ягонагӣ ва ваҳдат расид.
27-уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Рӯзи Ваҳдат, ки барои миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳурии мо дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Мутаассифона, мо – тоҷикон дар оғоз натавонистем, ки неъмати бузург - Истиқлолиятро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем. Ба ин нигоҳ накарда, мо боз як саҳифаи даҳшатбори таърихро варақгардон кардем. Бешак, Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, аҳамияту бузургиашро афзун гардонидаанд. Дар дарозои таърих, дар замони Каёниён – шоҳ Ҷамшед, дар замони Ҳахоманишиён – Куруши Кабир, дар замони Сосониён – Ардашери Бобакон ва дар даврони Сомониён – шоҳ Исмоили Сомонӣ ашхосе буданд, ки ваҳдатро пойдору барқарор нигоҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахту иқбол ба шарофати фарзанди бузурги миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷикистониён насиб гардид.
Имрӯз барои насли наврас ва ҷавон рӯ овардан ба таърих ва гузаштаи дуру наздики халқи тоҷик аз манфиат холӣ нест. Масалан, давраи шоҳаншоҳии Сосониён, то замоне, ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод, зиёда аз чор садсола пойдору устувор буд. Мисоли дигар, давлати Сомониён то замоне, ки фарҳанги ваҳдатсолории асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо – шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳукмрон буд, пойдору устувор монда буд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузурги ҷаҳонӣ (Сосониён, Сомониён) ниёгони мо ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд. Махсусан, дар замони давлатдории Сомониён пешравиҳои беназире дар илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар самтҳо ба амал омад. Ситораҳои илму фарҳанги он замон одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳои дигар бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ дар таърихи башарият нақши босазо гузоштаанд. Ҳамаи он дастовардҳо ба туфайли ваҳдат, дар муҳити сулҳу амну амонӣ ба даст омадаанд. Пас ваҳдатро пос бояд дошт ва ба қадри ин дастоварди бузург бояд расид.
Сулҳу оромӣ гаронбаҳотарин сарвати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Маҳз ба шарофати ин неъмат кишвари мо қадамҳои устувор ба пеш мегузорад. Бинобар ин, пойдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, ҳифзи марзу буми давлат ва кафолати бақои абадии миллати заҳматкашу сулҳофару сулҳпарвари миллати тоҷик аст, ки Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат, дастоварди бузурги таърихист ва мо - фарзандони миллат вазифадорем, ки онро ҳифз намоем. Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Ҳамаи ин аз баланд гардидани обрӯ ва эътибори Сардори давлати мо дар миқёси байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон албатта, обрӯю эътибори миллати тоҷик аст, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузурги миллиро дорост. Бинобар ин, замоне расидааст, ки мо – фарзандони содиқи миллат дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун афроди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавем ва баҳри боз ҳам қавитар гардонидани Ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа талош варзем.