Варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Начмудинов Муҳаммадшариф дар дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – гӯштин бо маҳорати баланд ва иродаи қавӣ баромад намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Ба ифтихори пирӯзии Муҳаммадшариф Начмудинов дар вазни то 78 кг дар дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ-2026, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, Парчами давлатии кишвар парафшон гардид. Ин лаҳзаи пурифтихор бори дигар номи варзишгари ҷавон ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо дар арсаи байналмилалии варзиш баланд бардошт.