Варзишгари муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мирзобек Умаров дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар риштаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern дар вазни то 60 кг сазовори медали тилло гардид. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ бар намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Атамуратов бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфузи қитъавӣ баланд бардошт.
Медали тиллои бадастовардаи Мирзобек Умаров 7-умин медали тиллои Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад. Ин дастоварди арзишманд барои варзишгари ҷавон ва муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансур мояи ифтихор буда, аз рушди варзиши касбӣ, баланд гардидани маҳорати варзишгарони ҷавон ва иштироки фаъоли онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.