15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Варзиш яке аз муҳимтарин василаҳои муаррифии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, пирӯзии ҳар як варзишгар парчами кишварро баланд мебардорад, Суруди миллиро садо медиҳад ва номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар миёни давлатҳои ҷаҳон боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ варзиши тоҷик ба марҳилаҳои нави рушд қадам ниҳод. Барои рушди соҳаи варзиш, тарбияи ҷисмонии ҷавонон ва омода намудани варзишгарони касбӣ имкониятҳои нав фароҳам гардиданд. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо нишон додани натиҷаҳои назаррас номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ таҳия ва марҳила ба марҳила мавриди амал қарор гирифтанд, ки барои рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид фароҳам оварданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дар таҳрири нав қабул гардида, дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи варзиш ба ҳисоб мераванд.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем…
Ин мисраъҳо воқеан ҳам ба рӯҳияи насли имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ мувофиқ буда, ифодагари онанд, ки ҷавонони кишвар бо ғуруру матонат зери ливои сулҳу субот ва Парчами давлатӣ саф оростаанд.
Онҳо дар майдони рақобат на танҳо барои медал, балки барои шарафи миллат ва обрӯи давлат мубориза мебаранд. Вақте варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба майдон мебарояд, ҳамроҳи ӯ умеду орзуи ҳазорон ҷавони тоҷик ва ифтихори тамоми миллат низ ба майдон мебарояд.
Ҳар як медали ба дастомада натиҷаи заҳмати зиёд, иродаи қавӣ, машқҳои пайваста ва муҳаббат ба Ватан аст. Маҳз ҳамин матонат, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ варзишгаронро ба намунаи ибрат барои насли ҷавон табдил медиҳанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳазорон наврасону ҷавонон ба варзиш машғуланд. Онҳо дарк мекунанд, ки варзиш танҳо роҳи ба даст овардани медал нест. Варзиш тарзи ҳаёти солим, мактаби интизом, масъулиятшиносӣ, дӯстӣ ва худшиносӣ мебошад.
Рӯзи варзишгарон фурсати хубест барои арҷгузорӣ ба ҳамаи онҳое, ки барои рушди варзиши кишвар саҳм мегузоранд: варзишгарон, мураббиён, омӯзгорон, доварон ва ҳамаи шахсоне, ки дар тарбияи насли солиму неруманд саҳми арзанда доранд. Зеро пушти ҳар як қаҳрамони варзишӣ меҳнати як дастаи бузург меистад.
Имрӯз мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки варзишгарони тоҷик дар қатори ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар ба яке аз рамзҳои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтаанд. Онҳо Парчами Тоҷикистонро дар майдонҳои бузурги варзишӣ баланд мебардоранд ва бо ҳар як пирӯзӣ ҳисси ифтихори миллиро дар қалби мардум боз ҳам қавитар месозанд.
Аз ҷумла, ғолибияти Мавзуна Чориева – бонуи тоҷик, дар қатори дигар дастовардҳои варзишгарони кишвар, бори дигар собит намуд, ки бонувони тоҷик боирода, қавӣ, шуҷоъ ва далер мебошанд. Мисоли дигари номвар гардидани варзишгарони тоҷик Дилшод Назаров, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва ҳазорҳо дигар фарзандони баруманди миллат мебошанд, ки бо дастовардҳои худ парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми варзишгарон, ҷавонон ва мураббиёнро ба муносибати Рӯзи варзишгарон табрику муборакбод намуда, ба онҳо пирӯзиҳои нав ба нав, комёбиҳои пайдарпай, саломатии бардавом ва неруи тоза барои расидан ба қуллаҳои нави варзишӣ орзу менамоям.
Рӯзи варзишгарон муборак бод!
АНУШЕРВОН ИСМАТОВ
Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе