Рӯзҳои 17–18 октябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Муай-тай» байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.
Дар мусобиқа варзишгарони Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии 1»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва омодагии хуб сазовори 8 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд.
Медалҳои тиллоро Ризвонов Ёқуб (вазни 40 кг), Зиёдуллозода Фахриддин (48 кг), Маҳкамов Усмоналӣ (51 кг), Ҳакимов Анис (60 кг), Каримов Субҳон (67 кг), Қурбонализода Умар (81 кг), Тиллоев Мирзошо (63,5 кг) ва Раҷабзода Абдулло (86 кг) ба даст оварданд.
Медалҳои нуқра насиби Мирализода Аҳмад (57 кг), Немонов Фаридун (54 кг), Зарифзода Муҳаммад (67 кг) ва Соҳибов Илёс (60 кг) гардиданд.
Ҳамчунин, Сайфиддинов Тоҳир (48 кг), Юсупов Сиёвуш (40 кг), Раупов Хушбахт (38 кг) ва Тураев Мирзоаҳмад (42 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар баргузории мусобиқа ҳайати доварон аз ҷумла Гайратов Саймирзо ва Хомидов Комил иштирок намуда, рафти сабқатҳоро таъмин карданд. Варзишгарони ноҳияи Шоҳмансур таҳти роҳбарии мураббиён Зиеев Садом ва Камолов Баҳриддин ба чунин натиҷаи назаррас ноил гардида, бори дигар маҳорати худро нишон доданд.
Ин дастовард аз меҳнати пайвастаи варзишгарон ва саҳми мураббиён дар омода намудани ҷавонони соҳибистеъдод шаҳодат медиҳад.