Рӯзҳои 1–3 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Клуби Устопириён таҳти унвони «OPEN JUDO» баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа варзишгарони М.Д. "Мактаби варзишии №1"-и ноҳияи Шоҳмансур низ фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Аз ҷумла, Гафуров Баҳодур дар вазни +60 кг сазовори ҷойи якум ва медали тилло, Валиев Сорбон дар вазни 32 кг соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин, Маллаев Ҳикматулло дар мусобиқаи байналмилалии «OPEN JUDO» ҷойи сеюмро ишғол намуда, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.
Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи варзишгарон, талошу иродаи қавии онҳо ва фаъолияти мураббиёни муассиса буда, бори дигар аз рушди варзиш ва таваҷҷуҳ ба тарбияи насли ҷавону солим дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳодат медиҳанд.
Ба варзишгарони муваффақ ва мураббиёни онҳо барои ин дастовардҳо табрик гуфта, дар мусобиқаҳои минбаъда барору комёбиҳои нав орзу менамоем.