15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ВОХӮРИ ДАР МАҲАЛЛАИ «БАДАХШОН-2»-И НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши бевоситаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо дар маҳаллаи «Бадахшон-2»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири бахши иттилоот, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва мутахассиси пешбари шуъбаи дин, танзими ҷашну маросимҳо, иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба аҳамияти, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба бегонапарастӣ, пешгирии хариду фурӯши одамон ва нашъамандӣ, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи амалии қонунҳои миллӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.