Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши бевоситаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо дар маҳаллаи «Улуғбек»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири бахши иттилоот, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири бахши ҳуқуқ, мудири бахши кор бо занон ва оила ноҳия ва сармутахассиси шуъбаи дин, танзими ҷашну маросимҳо, иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба аҳамияти, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва муқовимат ба бегонапарастӣ, пешгирии хариду фурӯши одамон ва нашъамандӣ, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи амалии қонунҳои миллӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.