Имрӯз дар маҳаллаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мулоқот бо фаъолон ва масъулони маҳалла ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот оид ба аҳаммияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди маҳалла мубодилаи афкор сурат гирифта, ба сокинон ҷиҳати иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳал тавсияҳои мушаххас дода шуданд.