Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саидзода Файзиддин Ҳақризо, вохӯрии гурӯҳи корӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №178 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027» баргузор гардид.
Дар вохӯри муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаи ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, сохторҳои давлатии ҳудуди ноҳия, роҳбарон ва масъулони соҳаи тандурустӣ, маориф ва раисони шаҳраку маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти мунтазами сохтору муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки барои сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ омода намудани соҳаҳои гуногуни ноҳия ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул, иҷрои босифати вазифаҳои пешбинишуда ва назорати пайвастаи раванди омодагӣ муҳим мебошад.