Вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Шоҳмансур
Дар асоси Нақшаи сафарбар намудани гурӯҳи тарғиботи ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳисоби роҳбарону масъулони Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲХДТ, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҷиҳати даъвати мардум ба таҳкими корҳои ободониву созандагӣ ва тарғиби худшиносиву худогоҳии миллӣ дар доираи банди 17 Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон” ҳамзамон аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Шарипова, раиси “Маркази таҳқиқии мусиқии мардумони Ховар – Борбад” ҳамзамон аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскаралӣ Раҷабов, котиб хамохангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Исматулло Рахматуллозод, кормандони мақомот, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, омӯзгорону фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Раиси ташкилоти ҷамъиятии “Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон” Л.Шарипова зимни баромади худ қайд намуд, ки дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии шаҳрвандон, бахусус сокинони ноҳияҳо, омили асосии амнияти миллӣ буда, шурои ҷамъиятӣ вазифадор аст, ки садои мардумро бишнавад ва барои ҳамбастагии бештари ҷомеаву давлат заминаи мусоид фароҳам оварад. Имрӯз ҳар як фаъоли ноҳия бояд дар маҳалли худ тарғибгари сулҳу ободӣ бошад. Ҳамзмон дар суханронии раиси “Маркази таҳқиқии мусиқии мардумони Ховар – Борбад” Аскаралӣ Раҷабов иброз гардид, ки ҳамагон огаҳӣ дорем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободониву созандагӣ, боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Баъдан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 “Дар бораи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ” эълон намудани соли 2026 ба тавсиб расид. Вохӯрӣ дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ анҷом ёфт. Фаъолони ноҳия омодагии худро барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва боз ҳам фаъолтар намудани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолии маҳаллаҳо изҳор доштанд.