Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаҳои фарогирии пурраи хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳия бо иштироки сохторҳои дахлдор вохӯрии корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Фақерзода Рустам ва Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Маҳмадшо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ҷиҳати пурра ба ҳисоб гирифтани хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи замин, ва мақомоти андози ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, рафти иҷрои нақшаи пахта ва масъалаи пешниҳоди ҳисоботи хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасони ҳудуди ноҳия ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин замина, ба масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул, фарогирии пурраи хоҷагиҳо ва таъмини саҳеҳу саривақтии маълумоти оморӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.