15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Имрӯз, 24-уми августи соли ҷорӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон, фаъолон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зухурзода Зарина иштирок намуда, оид ба аҳамияти чунин мулоқотҳо дар таҳкими робитаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон ва баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, даъвати VII Амирзода Ориф Ҳамид оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди иқтисоди миллӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дигар самтҳои муҳими рушди кишвар маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагон Ниёзӣ Нуралӣ Сафар ба масъалаҳои рушди соҳаи сохтмон ва энергетика, аз ҷумла бунёди иншооти гидротехникӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карда, нақши ин соҳаҳоро дар рушди устувори кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои иштирокдорон посух дода, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодгардида омодагии худро изҳор намуданд.