15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ВУСЪАТИ КОРҲО ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯ

Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2026 ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2026 оиди таъсиси ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ барои соли 2026 имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам, муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Далер Раҳмонзода ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия аз сарбанди Янгиқӯрғон ва заминҳои кишоварзии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дидан намуданд. Дар рафти боздид масъулин аз ҳолати обёрӣ, вазъи заминҳои кишт ва захираҳои мавҷудаи тухмӣ шинос гардиданд. Ҳамзамон, масъулин бо раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат намуда, доир ба таъмини захираи тухмӣ, техникаи кишоварзӣ ва соҳилмустаҳкамкунии сарбанди Янгиқӯрғон мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни суҳбат муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам қайд намуд, ки омодагӣ ба мавсими кишт бояд саривақт оғоз гардад. Инчунин оид ба беҳтар намудани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ пешниҳодҳои муфид карда шуд. Боздиду мулоқот бо раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои беҳтар намудани ҳамкории мақомоти маҳаллӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ муҳим арзёбӣ гардид.