ЗИ МОДАР ЗИНДАГИИ МО ГУВОРОСТ!
Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо бахшида ба Рӯзи Модар
Модарону хоҳарони азиз! Бонувони саодатманд! Модар пурарзиштарин дороиву ганљинаи мо, сарчашмаи зиндагии мо, сари аълову сарнавишти волои мост. Ҳастии мо шукуҳ бо ҳастии модар дорад ва ӯст, ки ба мо бахту саодат, шодию нишот, фараҳу хушнудӣ эҳдо мекунад, бо меҳрубонию ғамгусории самимию пайвастааш марзҳои дили мо шодоб мекунад. Мо шукргузору қаноатманд аз онем, ки бонувони тоҷик рӯзгорони фараҳбору саодатмандона доранд, дилрабою ҳуснорову шарафманданд ва дар тамоми арсаҳои зиндагӣ комёбу пешраванд. Рӯзи Модар дар кишвари маҳбуби мо 8 март муқаррар шудааст, ки ҳамбаста аст бо оғози фасли зебою ҷаҳонорои баҳор, бо шамими боди Наврӯзӣ ва тобишу ҷилои ҷонпарвари хуршеди оламтоб. Ин ҳамбастагӣ иртиботи табиӣ дорад бо сирати неку поки бонувон ва боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои муждагонӣ аз баҳору Наврӯз, оғози фасли шукуфтанҳо ва бедории табиат дар саросари олам, бахусус дар Тоҷикистони азиз ҳамчун рамзи эҳтирому садоқат ва муҳаббати насли башар нисбат ба Зан – Модар, Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифта мешавад. Бо изҳори хушнудӣ аз нақши назарраси занону бонувон дар раванди таълиму тарбияи насли шоистаи замон, сиҳатбахшии аҳолӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву маънавӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷомеа ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳузури Рӯзи Модарро ба ҳамаи Шумо занону модарони азиз таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати зиндагӣ таманно дорам. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем. Иди модар, воқеан яке аз зеботарин ҷашнҳои сол мебошад. Ин рӯзро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм ва хушҳолӣ пешвоз мегирем, зеро он ҷашни хоссаи занону модарони мо - тарбиятгарони наслҳои башар, офарандагони нуру зебоӣ ва покизагӣ мебошад. Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз дошта буданд: “Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”. Мавриди ёдоварист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо ибтикор ва ташаббуси наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби занону духтарон, ҷалби занону бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва бо ин васила мусоидат ба ҳаёти осоишта ва рӯзгори босаодати онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Итминони комил дорем, ки бо илҳом аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат бонувону модарони мо неруву тавони нав гирифта, ҷиҳати саҳмгузории бештар дар шукуфоии Ватани маҳбубамон ҷаҳду талош хоҳанд кард. Бори дигар ҳамаи шумо, модарони мунису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дароз, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям. Рӯзи модар муборак модарону хоҳарони азиз!