ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №70 АЗ 22.06.2026
22.06.2026
ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №70 АЗ 22.06.2026
Дар бораи тасдиқ намудани “Тарифҳои хизматрасонии партовбарорӣ” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маблағҳои хизматрасониҳои пулакӣ ва беҳтаргардонии фаъолияти молиявию иқтисодии КВД “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, вобаста ба иҷрои банди 7 сархати 4 нусха аз протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 21 апрели соли 2026, №8 ва Фармоиши Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2026, №11 “Дар бораи тасдиқ намудани “Нархномаи хизматрасонии партовбарорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе” мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 14 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи инҳисороти табиӣ” ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нархномаи хизматрасонии баровардани партовҳои сахти маишӣ барои истифодабарандагон дар КВД “Наёлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад ва аз 1-уми июли соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути сомонаи мақомот ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намояд.
3. Қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 24 июли соли 2023, № 229 “Дар бораи тасдиқ намудани “Тарифҳои хизматрасонии партовбарорӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе” беэътибор дониста шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Олимзода С. М.
Замима
ба қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе аз 22 июни соли 2026, №70
НАРХНОМАИ
хизматрасонии баровардани партовҳои сахти маишӣ барои истифодабарандагон дар КВД “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
№ Номгӯйи истифодабарандагон Нархнома бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (бо сомонӣ)
1. Барои як истиқоматкунанда дар шаҳри Душанбе
- дар бинои истиқоматии бо қубури партовпартоӣ муҷаҳҳаз (аз 9 ошёна боло) - 5,80;
- дар биноҳои истиқоматии бе қубури партовпартоӣ - 4,80;
- дар ҳавлиҳои истиқоматии шахсӣ - 6,90;
2. Муассисаҳои буҷетӣ барои 1м3 - 64,70;
3. Ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ барои 1м3 - 107,40.