ЭЪЛОН
14.07.2026
КВД «Обу корези Душанбе» ба иттилои сокмнони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пайваст намудани қубурҳои нави лоиҳавӣ ба шабакаи амалкунандаи обтаъминкунӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Азнавсозии кӯчаи А. Қаҳҳоров», аз соати 23:00-и 14 июли соли 2026 то соати 23:00-и 15 июли соли 2026 интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин муддат оби нӯшокӣ дар қисми ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ (шаҳракҳои 61, 62, 63 ва 64, маҳаллаҳои Гулбутта-1, 2, 3, 4, Машъал, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1 ва Крупская-2) ва Шоҳмансур (маҳаллаҳои Соҳибкорон-1, Деҳқонобод-1, Куштеппа-1, Чилмехроб, Яккачинор-2 ва 1-уми Май) муваққатан дастнорас хоҳад шуд.
Аз сокинони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки оби заруриро пешакӣ захира намоянд.