Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
27.07.2026
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати
давлатӣ озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи Раиси ноҳия:
1. Мудири бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2648 с. 05 дирам;
2. Мутахассиси пешбари бахши
иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862 с. 60 дирам;
Воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:
1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390 с. 80 дирам;
2. Сармутахассиси бахши кишоварзии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390 с. 80 дирам;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо ду дона акси андозаи
4 х 6)
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ барои хизматчии давлатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома дар бораи доштан/надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома (резюме)
- донистани
забони хориҷӣ ва
дониши
компютерӣ ба
эътибор гирифта
мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри эълони мазкур, дар давоми 20 рӯз идома меёбад.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби
Мудири бахш:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда
метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби
сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби
мутахассиси
пешбар:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии
хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғолкунандагони мансаби
мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба нишони зерин муроҷиат намоед, кӯчаи Айнӣ 20, утоқи 102, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур.
Телефонҳо барои маълумот: 227-90-19, 223-23-49.