Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
22.09.2026
Дастгоҳи Раиси ноҳия:
1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо
кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390 с. 80 дирам;
2. Мутахассиси пешбари бахши иттилооти
дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ –
1862 с. 60 дирам;
Воҳидҳои
сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:
1. Мутахасиси пешбари шуъбаи маорифм Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии
ноҳия - 1 ҷой, маоши
мансабӣ - 1862 с. 60 дирам;
2. Мутахасиси шуъбаи иқтисод, савдо ва
мониторинги Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1529 с. 00 дирам;
3. Мутахасиси бахши фарҳанги Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии
ноҳия - 1 ҷой, маоши
мансабӣ - 1529 с. 00 дирам.
Барои иштирок
дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвонии
роҳбари мақоми давлатӣ
- варақаи шахсии баҳисобгирии
кадрӣ (бо ду дона акси андозаи 4 х 6)
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо
дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи
меҳнатӣ;
- маълумотнома оид
ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи
гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар
бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ бораи хизматчии давлатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети
ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома дар
бораи доштан/надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома
(резюме)
- донистани забони
хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта
мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри эълони мазкур, дар давоми
20 рӯз идома меёбад.
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби
сармутахассис:
- таҳсилоти
олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки
вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3
сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли
ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои
давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби
мутахассиси
пешбар:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии
хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғолкунандагони мансаби
мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби
мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Барои
гирифтани маълумотҳои иловагӣ ба нишони зерин муроҷиат намоед, кӯчаи Айнӣ 20,
утоқи 102, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур.
Телефонҳо
барои маълумот: 227-90-19, 223-23-49.